Бонки Миллӣ ҷилави долларро сар дод: Ҳаннотӣ накунед...
Бонки Миллии Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намудааст, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян хоҳанд кард.
Ин ниҳод имрӯз, 23 октябр бо пахши як иттилоия изҳор доштааст, ки ин тасмим бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши доллали нақд ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан гирифта шудааст.
Бонки Миллӣ мегӯяд, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур ирсол кардааст, ки тибқи он ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бояд қурби харид ва фурӯши долл. ИМА-и нақдро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ намоянд.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Эълони Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки то ҳол қурби долларро дар бозори нақди кишвар ин ниҳод муайян мекард ва расман қурби 1 доллар дар Душанбе 6,56-6,58 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо амалан ба ивази 6,80 сомонӣ харида ва бо нархи 6,85 сомонӣ фурӯхта мешавад.