Падар барои сабукпоӣ духтарашро қатл кардааст
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти қатли Моҳрухсор, сокини 34-солаи ноҳияи Қубодиёнро аз дасти падараш Файзиддин Гадоеви 57-сола шарҳ доданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ муайян гардид, ки Файзиддин Гадоев рӯзи 18 октябр, соати 05:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқиша бо корд 6 маротиба ба аъзои бадани духтари 34-солааш зарба зада, ба ҳалокат расонидааст.
Гадоев сабаби даст задан ба ин ҷиноятро ба сабукпоӣ машғул шудани духтараш арзёбӣ кардааст. ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.