Шевченко: Тоҷикон дар Русия одам нестанд, чуркаянд, як гӯштпора, ҳечанд...
Максим Шевченко, журналисти маъруфи Русия дар барномаи “Особое мнение”-и “Эхо Москвы” марги Умар Назарови 5-моҳаро куштор ва натиҷаи таблиғот алайҳи муҳоҷирон дар Русия хондааст.
Шевченко дар ин суҳбат изҳор дошта, ки бо Назаровҳо чун бо гӯштпора муносибат карданд, барои он ки онҳо тоҷиканд, чуркаянд, ҳеч киянд: "Кӯдакро бе даъвати мақомоти дахлдор, аз ҷумла ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз модар ҷудо кардаанд, чунки модар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кардааст. Модар ҷинояткор нест, танҳо саривақт ҳуҷҷатҳояшро дуруст накардааст. Ин ба маънои он аст, ки шумо қоидаи роҳро вайрон кардеду аз шумо навзодатонро гирифта бурданд. Чунин муносибат бо шаҳрванди Русия мумкин нест, бо шаҳрвандони Аврупо, Амрико Исроил мумкин нест, аммо бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мумкин, онҳо одам нестанд”.
Максим Шевченко ин фоҷиаро натиҷаи таблиғоти густурда алайҳи муҳоҷирин дар Русия хондааст, ки боиси коҳиши башардӯстӣ гардидааст. Ӯ марги Умаровро "расизми пулисҳо ва куштор" гуфтааст, ки ба қавли вай дар пайи хунукназарӣ, бетарафӣ ва бюрократия сар задааст.
Умари 5-моҳаро мақомоти Русия 13 октябр аз модараш, ки барои нақзи қоидаҳои ҳузур дар Русия боздошт шудааст, ҷудо кардаанд ва субҳи 14 октябр ба наздиконаш хабар доданд, ки тифл фавтидаст.