Ҷоизаи «Светлое прошлое-2015»-и Русия ба ҳунарпешаи тоҷик
Бунёди Олег Митяев барандаҳои ҷоизаи мардумии “Светлое прошлое-2015”-и Русияро эълон кардааст, ки дар миёнашон номи ҳунарпеша ва коргардони маъруфи тоҷик-Валерий Аҳадов низ зикр шудааст.
Ба иттилои ин Бунёд маросими ҷоизасупорӣ 17 январи соли 2016, дар рӯзи таъсисёбии вилояти Челябинск дар ҳузури намояндагони шинохтаи санъату фарҳанг баргузор хоҳад шуд. Ҳадафи ин ҷоиза қадрдонии хидматҳо дар соҳаи санъат, фарҳанг, илм, варзиш, иҷтимоиёт ва сиёсат арзёбӣ мешавад.
Валерий Аҳадов, ки дар овоздиҳии имсола барандаи ҷоизаи мазкур шудааст, ходими хидматнишондодаи Тоҷикистону Русия, академики киноакадемияи «Ника», уззви доимии ҳайати доварони кинофестивали “Сталкер” мебошад.