“ФМС” ду оилаи тоҷикро бо 9 кӯдак хориҷ кардааст
Хадамоти муҳоҷирати вилояти Кемеров хабар додааст, ки 2 оилаи тоҷикро бо 9 кӯдакашон барои нақзи қоидаҳои ҳузур дар Русия бозпас ба Тоҷикистон фиристодааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод яке аз оилаҳои ихроҷшуда дорои 7 кӯдаки ноболиғ будааст, ки 5 тани онҳо дар Русия таваллуд шудаанд: “Модари ин кӯдакон 10 соли қабл ба Русия омада, дар ноҳияи Крапивински вилояти Кемеров зиндагӣ мекардааст. 5 тифлашро дар шароити хона, бе муроҷиат ба табибон таваллуд кардааст ва бархе аз фарзандонаш бидуни ҳеч санаде дар мактаби маҳаллӣ дарс мехонданду ҳатто аз фаъолони ин мактаб будаанд”.
Мақомоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, маблағи ихроҷи ин оилаҳо аз буҷаи федералӣ ҷудо шудааст.