HRW: Нахуствазири Ҷопон бояд аз вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бигӯяд
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch гуфтааст, сафари Синзо Абэ, нахуствазири Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Миёна фурсати хубест, то ӯ аз вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи башар дар ин ҷамоҳир нигаронӣ намуда, ба аҳамияти ислоҳот таъкид кунад.
Дар гузорише, ки ин созмон нашр кардааст, гуфта мешавад, иштибоҳан бурдани мардум пушти панҷара, монеъ нашудан барои кори гуруҳҳои ҳуқуқи башару рӯзноманигорон ва нуқта гузоштан ба бемуҷозот мондан барои шиканҷа бояд корҳое бошанд, ки аз сӯи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷро гарданд.
Вероника Голдсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, “раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қурбониёни ҳуқуқи башар дар минтақа бояд бидонанд, ки ҳуқуқи башар ҷузъи ҷудонопазири сиёсати Ҷопон дар муносибат бо кишварҳои мавриди назар мебошад”.
Сафари Синзо Абэ, нахуствазири Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз, 22 октиябр шурӯъ мешавад. Аз Сафорати Ҷопон дар Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ҷаноби Абэ 24 моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин нахустин боздиди ӯ аз Тоҷикистон хоҳад буд. “Дар ҷараёни ин сафар нахуствазири Ҷопон бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот хоҳад дошт”,-афзуд манбаъ.