Бояд ҳар мақомоти тоҷик ба марги Умаралии 5-моҳа вокуниш нишон диҳад
Ҷамшед МАЪРУФ
Хабари марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа чанд рӯз мешавад дар сархати расонаҳои хабарии дохиливу бурунмарзӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Нашрияҳои кишвар бо нишони эътироз ва мотам ба ҳодисаи марги ин кӯдаки бегуноҳ дар Русия саҳифаҳои худро сиёҳ ба табъ расонида, талаб доранд, ки Русия барои ин фоҷеа дар пеши Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ посух гӯяд. Максим Шевченко – яке аз журналистони шинохтаи рус, низ рӯзи 20 октябр дар торнамои “kommersant.ru” ба ин ҳодиса дахл карда, гуфт, ба шигифт афтодааст.
Шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия зану шавҳари ҷавони тоҷик Рустам Назаров ва Заррина Юнусоваро боздошт намуда, кӯдаки панҷмоҳаи онҳоро аз модар ҷудо мекунанд, ки боиси дар бемористон ба ҳалокат расидани Умаралӣ Назаров мешавад.
Бино ба хабарҳои ахири расонаҳои Русия, Кумитаи тафтишотии ин кишвар дар шаҳри Санкт-Петербург алайҳи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Русия, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тоҷикон, даромади “муфт” ба даст меораду маҳз аз ҳисоби онҳо аксар кӯчаву паскӯча ва маконҳои худро ободу зебо мегардонад, бояд ба ин қазия ПОСУХ гӯяд!
Мову шумо медонем, ки қазияи фавти кӯдаки бегуноҳ – Умаралии 5-моҳа ягона нест. Ҳолатҳои ба бераҳмии хос кушта шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия кам нест. Вале новобаста ба ҳамаи ин, мо ҳанӯз меҳмоннавозу батамкинем ва гӯиё ба ин монанд ҳодисаҳо моро намеранҷонанд …
АММО ҳоло вақте расида, ки ҳар мақомоти тоҷик сари марги мармузи Умаралии панҷмоҳа андеша намоянд ва ба он вокуниш нишон бидиҳад, то Русия назди Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ПОСУХИ ВОҚЕӢ бидиҳад!