Баҳси “Шаҳри бехатар” дар парлумон: Аз мошини вазирон то хориҷшавии ронандаи дастгоҳ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 21 октябр дар ҳузури сардори БДА аз камбудиҳо дар “Шаҳри бехатар” интиқод намуда, афзуд, ки мақсад бояд пулҷамъкунӣ набошад ва коре кард, ки мардум норозӣ нашаванд.
Зуҳуров аз ҷумла дер расондани санади нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ронандаҳоро мисол овард: “Коре кунем, ки мардумро аз ин лоиҳа норозӣ накунем. Ҳозир одат шудааст, ки оилаҳо хӯрданӣ надоранду мошин мехаранд...”.
Раиси палатаи поёнии парлумон изҳори боварӣ кард, ки лоиҳаи “Шаҳри бехатар” оҳиста-оҳиста хароҷоташро мепӯшонад. Ӯ афзуд, ки бояд огоҳиномаҳо моҳҳо ҷамъ нашаванду ҳадди ақал дар се рӯз ба вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ расонда шавад, то ҷаримаи аввалашонро пардохта минбаъд эҳтиёткортар бошанд. Ба гуфтаи Зуҳуров агар ронанда нафаҳмида як қоидаро такроран вайрон кунад, барои қоидавайронкуниҳои такрорӣ боз ҷаримаи бештар пардохт мекунад: “Аввал ҳамон 80 сомонӣ ҳаст 100 сомонӣ ҳаст, ки ҳар чӣ зудтар бурда супораду минбаъд эҳтиёт кунад. Аммо баъзан мо мебинем, ки моҳҳо ҷамъ карда, санад барои пардохти 5 ҳазор, 7 ҳазору 10 ҳазор сомонӣ мебаранд”.
Раиси Маҷлиси намояндагон инчунин як ронандаи дастгоҳи парлумонро зикр кард, ки ба далели қоидавайронкуниҳо аз кор хориҷаш кардаанд: “Ронандаро озод кардем, ки равад акнун худаш судбозӣ кунад, гардад...”
Раиси Маҷлиси намояндагон барои коҳиши нофаҳмию судбозиҳо хостори бозбинии ин масъалаҳо шуд ва Маҳмадсаид Саидзода, сардори БДА изҳор дошт, ки аллакай тағйиру иловаҳоро пешниҳод кардаанд, ки барои ҳар ҳолати фарзан риоя накардани чароғаки роҳнамо як намуд ҷарима пешбинӣ шудааст.
Маҳмадсаид Саидзода афзуд, ки расондани амрномаҳо ба уҳдаи Почтаи тоҷик вогузор шудааст ва баъзан сабаби дер расондани амрномаҳо ба он рабт дорад, ки соҳиби мошин дар асоси ваколатнома ҳаққи идораи мошинро ба чанд нафар додааст. Ба гуфтаи сардори БДА дар пайи фаъолсозии “Шаҳри бехатар” тайи ду соли охир теъдоди садамаҳо дар пойтахт коҳиш ёфта, то ҳол ба буҷаи давлат аз ҳисоби лоиҳа беш аз 50 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Ба суоли “Озодагон”, ки оё дастгоҳҳои “Шаҳри бехатар” ягон қоидавайронкунии вазирону дигар мансабдоронро низ ба қайд гирифтаанд, генерал Саидзода афзуд, ки мошини вазиронро дар асоси ваколатнома дигарон идора мекунанд ва маҳз онҳо мавриди ҷаримабандӣ қарор мегиранд.