Ҷоизаи Хусравов дар сабқат барои Ҷоми Аслахонов дар Маскав
Хушқадам Хусравов, аз паҳлавонони шинохтаи тоҷик медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаи Асламбек Аслахановро ба даст овард.
Ин мусобиқа аз 19-уми октябр дар пойтахти Русия оғоз ёфта, то санаи 22-юми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард. Дар мусобиқа паҳлавонон дар вазнҳои аз 52 кило то 100+ қувваозмоӣ менамоянд.
Паҳлавони тоҷик дар вазни 61 кило қувваозмоӣ намуда, дар рӯзи аввали мусобиқа медали биринҷиро ба даст овард. Иштироки Хушқадам Хусравов дар ин мусобиқа бори аввал набуда, соли қаблӣ низ бо варзишгари дигари тоҷик Диловар Сангов (57 кило) барандаи медалии биринҷии ин мусобиқа гашта буданд.
Мусобиқаи Ҷоми А. Аслаханов аз соли 2002 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад.