Устои маъюб: Пул не, ҷои корам диҳед...
Ғуломалӣ Назаров, як сокини маъюби ноҳияи Фархор, ки муваққатан дар Душанбе иқомат дорад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои пайдо кардани ҷои кор ба ӯ кумак кунанд.
Ғуломалӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки маъюби гуруҳи аввал буда, оиладор ва соҳиби як духтарча мебошад: “Ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирам, ки ин хеле кам аст. Ҳамсарам бошад дар беморхона бистарӣ аст. Тули 10 сол дар Русия кор мекардам ва аз сабабе, ки он ҷо вазъият бад шуд, дигар нарафтам. Аз дастам ҳамаи намуди кор меояд, аз ҷумла таъмири барқ, корҳои сантехникӣ ва ҳама гуна ашёҳои рӯзгорро таъмир карда метавонам”.
Ғуломалӣ мегӯяд чанде пеш ба ӯ пешниҳод карданд, ки 20 курсиро азнавсозӣ кунад ва ӯ ин корро ба ивази маблағи на он қадар зиёд анҷом додааст.
Назаров изҳор дошт, нафароне, ки мехоҳанд барои пайдо кардани кор кӯмак намоянд, метавонанд тариқи рақамҳои 900 03 60 06 бо ӯ дар тамос шаванд.