Фаронса дар Душанбе манораи 36 метрӣ месозад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 21 октябр созишнома бо Фаронса дар мавриди сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба тасвиб расонд.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки манора аз ҷониби ситоди генералии Вазорати мудофиаи Фаронса сохта мешавад, ки барои таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо аҳамияти муҳим дорад: “Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин сохтмон КВД “Тоҷикаэронавигатсия” иштирок хоҳад кард”.
Ба гуфтаи вазир манора дар масоҳати 15 бар 15 метр бо баландии 36 метр дар муддати 15 моҳ сохта хоҳад шуд. Арзиши манора 3 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.