Худкушии як донишҷӯ дар саҳрои пахта
Мансур Матяқубов, як донишҷӯи соли 3-юми литсейи ноҳияи Эликқалъаи Қароқалпокистон дар саҳрои пахта худро овехтааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин қазия 2 октябр ба вуқӯъ пайвастааст, аммо танҳо баъди 18 рӯз аз он хабардор шудаанд. Ҷасади ҳалқовези ин донишҷӯро дар як дарахт пайдо мекунанд. Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, Мансур Матяқубов ба хотири вазъи саломатиаш бояд ба пахтачинӣ намерафт, аммо раҳбарияти литсей ӯро иҷборан бурдааст. Дӯстони ин донишҷӯ ба расонаҳо гуфтаанд, биноии Мансур заиф буд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мактубе дар даст доранд, ки мувофиқи он ин донишҷӯ бо хоҳиши худ ба саҳрои пахта рафтааст. Ӯ онҷо ба ҳайси ошпаз кор кардааст.