Зиёни ҷанг дар Афғонистон 13% бештар аз буҷаи миллӣ будааст
Як таҳқиқоти тозаи муассисаи “Баробарӣ барои сулҳ ва демократия” нишон медиҳад, ки Афғонистон аз ҷангу ифротият 9 миллиарду 91 миллион доллар зиён дидааст.
Бар асоси ин таҳқиқот, маблағи мазкур 13 дарсад баландтар аз буҷаи миллии Афғонистон аст. Идрис Умарзод, муовини муассисаи “Баробарӣ барои сулҳ ва демократия” гуфтааст, ин гузориш дар натиҷаи як сол таҳқиқ ва ба ҳамкории идороти ҳукуматии Афғонистон дар ҳафт вилоят аз тариқи мусоҳиба бо сад тан таҳия шудааст. Бар асоси ин гузориши таҳқиқӣ, зиёнҳои ёдшуда таъмини амният, сулҳ, кумакҳои молӣ ба қурбониёни ҷанг, арзишҳои инсонӣ, сиҳати омма, маълулиёт, таълим ва муҳоҷират ба бор овардааст.