“Истиқлол” дар сурати пирӯзӣ ҶОМ ва 350 000 $ мегирад
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар сурати пирӯзӣ бар дастаи малайзиягии «Ҷоҳор Дорул Такзим» дар баробари Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 инчунин 350 ҳазор доллари амрикоӣ хоҳад гирифт.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 31 октябр дар майдони марказии Душанбе соати 16:00 оғоз хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ дар ин бозӣ барои дастаи пирӯз 350 ҳазор доллар ва барои мағлуб 250 ҳазор доллари амрикоӣ ҷоиза таъин шудааст.
ФФТ мегӯяд, доварии бозӣ ба уҳдаи Тоҷо Минору, доварии 39 солаи ҷопонӣ ва 44-сола, Наги Тошиюки 44-сола ва Очи Синдзи 40 сола вогузор шудааст.