Қатли духтар аз дасти падар дар Қубодиён
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 57-солаи ноҳияи Қубодиён хабар доданд, ки дар қатли духтараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ муайян гардид, ки боздоштшуда рӯзи 18 октябр, соати 05:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқиша бо корд 6 маротиба ба аъзои бадани духтари 34-солааш зарба зада, ба ҳалокат расонидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.