Ташвиши Назарбоеву Путин аз вазъи Тоҷикистон ва ишораи бозгашти марзбонҳои рус
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, имрӯз, 15 октябр дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Остона аз созиш барои таъсиси Анҷумани байналмилалии “Ислом зидди терроризм” иттилоъ дод.
Назарбоев дар пайи ин мулоқот бо Путин ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки яке аз мавзӯҳои мулоқоташон таҳдиди экстремизму терроризм, махсусан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст: “Мо ҳама аз авзоъ дар навоҳии ҳаммарз бо Туркманистон огоҳем ва вазъи Тоҷикистон низ моро ба ташвиш овардааст”-изҳор доштааст раисиҷумҳури Қазоқистон.
Ташвиши раисиҷумҳурҳои Русияю Қазоқистон дар ҳолест, ки Юрий Борисов, ноиби вазири мудофиаи Русия аз эҳтимоли бозгашти низомиёни рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон суҳбат кардааст. Борисов, ки Путинро дар Остона ҳамроҳӣ мекунад, дар посух ба суоли “Рейтерз” оиди кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистон бозгашти низомиёни рус ба марз бо Афғонистонро низ истисно накардааст: “Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Тасмимро дар ин бора роҳбарияти сиёсии кишварҳо мегиранд”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 октябр дар дидор бо Владимир Путин, ҳамтои русаш аз авзои Афғонистони ҳамсоя нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт “вазъият дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад. Амалан дар ҳудуди 60 дарсади марзи Афғонистон бо Тоҷикистон амалиёти ҷангӣ идома дорад”.