Парлумон фарзандхониро аз боҷи давлатӣ озод кард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 15 октябр тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи боҷи давлатиро қабул кард, ки тибқи он фарзандхонӣ бе пардохти боҷи давлатӣ сурат мегирад.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, тибқи тағйироту иловаҳо афроде, ки барои фарзандхонӣ ба судҳо муроҷиат мекунанд, аз пардохти боҷи давлатӣ озоданд.
Вазири маориф изҳор дошт, ки феълан барои фарзандхонӣ 1756 нафар дар навбат истодаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ дар Суғд 11 ҳазор ятиму бепарастор, Хатлон 14 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 11 ҳазор, Душанбе беш аз 5 ҳазор ва дар Бадахшон зиёда аз 1500 ятиму бепарастор иқомат доранд: “Дар 5 соли охир 3 ҳазору 925 кӯдак аз ятимхонаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки 627 нафарашон ба 9 моҳи соли равон рост меоянд”.
Нуриддин Саид илова намуд, ки соли хониши 2014-2015 шумораи ятимону бепарасторон дар мактаб - интернатҳо 46 ҳазору 218 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои пеш камтар мебошад.