Ҳалокати муҳоҷири тоҷик аз дасти наврасони сархуши рус
Дар пайи ҳамлаи гуруҳи наврасони рус ба муҳоҷирони корӣ як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.
Торнамои “Криминальная хроника” менависад, ин ҳодиса дар шаҳри Бори вилояти Нижегород ба вуқӯъ пайваста, кормандони пулис бо иттиҳоми ҳамла панҷ нафарро боздошт кардаанд: “Авохири моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Бор чор навраси 16-17-сола ҳамроҳи шиноси 25-солаи қаблан судашуда нушокии сархушкунанда менушанд. Вақте маблағашон тамом мешавад, қасди ғорат кардани муҳоҷирони тоҷикистониро мекунанд ва қаблан бо оҳану чӯби бейсбол мусаллаҳ мешаванд”.
Ба иттилои манбаъ, нахуст онҳо аз ду шаҳрванди Тоҷикистон маблағ ситонида, ба муҳоҷири сеюм ҳамла мекунанд: “Ӯро ба ҳадде латту кӯб кардаанд, ки дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми расондани зарари ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ бо марг анҷомидааст, парванда боз шуда, тафтишот идома дорад..