АКС: Вазир 67 нигораи миллии тоҷиконро ба Бритониё дод
Бо ташаббуси Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 67 намуди нигораҳои миллии тоҷикон ба Осорхонаи Бритониё (The British Museum) супорида шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ нигораҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла либосҳои миллӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ, кундалҳои анъанавӣ ва ашёҳои қадими рӯзгори мардуми Тоҷикистон дар Осорхонаи Бритониё ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, ин иқдом аз ҷониби Сироҷидин Аслов ҳанӯз моҳи июли соли 2014 дар доираи сафар ба Британияи Кабир пешниҳод гардида буд: “Пас аз сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Бритониёи Кабир як ҳайати Осорхонаи Британия ба Тоҷикистон сафар намуданд. Зимни боздид намояндагони Осорхонаи Бритониё аз осорхонаҳои шаҳри Душанбе, маъбади буддоии Аҷина-Теппа, шаҳраки Ҳулбук, Саразм ва “Тахти Сангин” дидан карда, маълумоти муҳим доир ба ҷойҳои таърихӣ ва археологии Тоҷикистон ҷамъ оварданд”.