Фурӯши бобарор далели ифтитоҳи намояндагии “Нижфарм” дар Тоҷикистон шудааст
Ширкати доруфурӯшии вилояти Нижегороди Русия дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кардааст.
Масъулини ширкати “Нижфарм” далели ин иқдомро фурӯши бомуваффақи доруворӣ гуфтаанд. Ба иттилои онҳо, тайи 5 сол фурӯши доруҳо дар Тоҷикистон 2,5 баробар афзоиш ёфта, соли 2014, 1,5 миллион евро даромад доштааст.
Ба гуфтаи “Нижфарм” ин ширкат ба Тоҷикистон 66 номгӯи дору ворид мекунад.