Ҳиллари Клинтон: ИМА бояд ба иқдомҳои Путин посух гӯяд
Владимир Путин барои мудохилааш ба низоъҳои Украина ва Сурия бояд ба ҷавобҳои қатъии Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯбарӯ шавад. Ин нуктаро Ҳиллари Клинтон, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико изҳор доштааст.
Ӯ дар як мубоҳисаи номзадҳо гуфта, "мо бояд ба таври қатъӣ ба таҳдидҳои вай (Путин) посух гӯем. Махсусан дар масъалаи Сурия”. Хонум Клинтон дар идома афзуд, ИМА бояд ошкоро ба Путин бифаҳмонад, ки ҳузури Русия дар Сурия ва ба вуҷуд овардани бенизомӣ дар он кишвар, куштани одамон аз номи режими Асад ғайри қобили қабул аст. Барои амалигардонии ин ҳадафҳо, Ҳиллари Клинтон пешниҳод кардааст, Вашингтон бояд раҳбарии бештареро ба уҳда бигирад.
Сенатор Берни Сэндерс дар ин мубоҳиса изҳор дошт, Владимир Путин аллакай аз пайомадҳои ба даст овардани Қрим ва мудохила дар умури Украина таассуф мехӯрад. Ба қавли ӯ амалкарди вай дар Сурия ба хотири ҳифзи нуфузаш аст: "Аммо вақте русҳо дар Сурия хоҳанд мурд, вақте вай дар Сурия гирифтор мешавад, - ман фикр мекунам, одамон ба вай хоҳанд фаҳмонд, ки бояд аз он кишвар хориҷ шавад ва барои ба эътидол овардани вазъ бо ИМА як ҷо амал кунад".
Бо вуҷуди ин назарҳо, ҳеч кадом аз панҷ номзади демократҳо, ки дар мубоҳисаи интихоботӣ ширкат карданд, Русияро ба рӯйхати таҳдидҳои аслӣ ба амнияти ИМА дохил накарданд. Дар ин рӯйхат Чин, гармшавии кураи замин ва ҳамлаҳои интернетӣ шомил шудаанд.