Ҳимояти Э.Раҳмон аз ниятҳои нек ва интиқодаш аз пинҳонкории соҳибкорон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 14 октябр дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, ки феълан дар Кохи Борбади Душанбе идома дорад, аз талоши давлат барои пешбурди соҳибкорӣ ва пинҳонкории соҳибкорон суҳбат намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз Форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, шароити мувофиқ барои муколамаи доираҳои тиҷоратӣ, баррасию дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ, навгониҳои фазои сармоягузории мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштарак мебошад.
Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон рушди соҳибкориро аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳукумат хонда, илова кардааст, ки маблағи Фонди дастгирии соҳибкорӣ то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз ислоҳот суҳбат намудааст, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ҳукумат бо чораҳое, ки то ҳол татбиқ кардааст, қонеъ нест ва талошро барои беҳбуди фазои сармоягузорию соҳибкорӣ идома хоҳад дод. Ӯ аз ҳозирини Форуми соҳибкорӣ даъват намуд, ки барои беҳбуди шароит табодули афкор кунанд ва ваъда додааст, ки аз ниятҳои неки соҳибкорон ҳамеша пуштибонӣ мекунад.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон аз он интиқод намудааст, ки бархе соҳибкорон даромадҳояшонро аз мақомоти андоз ва гумрук пинҳон карда, ба буҷаи давлват зарар мерасонанд. Ӯ аз натиҷаи санҷишҳо изҳор дошт, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рўйпўш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ ва ҳисобу китоби нодурусти муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рўйпўш намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби қонуншиканиҳои соҳибкорон ошкор шудааст.
Феълан Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 дар Кохи Борбад бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони хориҷию ватанӣ, намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон идома дорад.