Баррасии авзои Афғонистон дар мулоқоти Азизӣ ва Линҳарт
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Михаэл Линҳарт, дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Австрия тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардаанд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ин суҳбат рӯзи 13 октябр баргузор шуда, ҷаноби Азизӣ изҳор доштааст, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Австрия барои истифода аз таҷрибаи касбкардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд: “Абдуҷаббор Азизӣ ҳамчунин афзуд, ки мардум ба Маҷлиси намояндагон ҳамчун ба мақоми қонунгузор ва намояндагӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда натанҳо аз мақомоти давлатӣ, балки аз интихобкунандагон низ дархосту пешниҳодҳо ирсол мегарданд, ки бештари онҳо бо мақсади таҳриру такмили қонунҳо қабул карда мешаванд”.
Ба иттилои манбаъ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идома таъкид карда, ки сафарҳои ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии АвруОсиё, Созмони амнияту ҳамкори дар Аврупо, Созмони миллалӣ муттаҳид ва дигар кишвару созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд: “Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, саноат, фарҳанг, технологияи муоссир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Ба гуфтаи Абдуҷаббор Азизӣ, мавқеи Тоҷикистону Австрия дар бештари масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир муштарак мебошад.
Сухангӯи Маҷлиси намояндагон мегӯяд, дар ин дидор ба масоили мубориза бар зидди ифротгаройӣ, терроризму эктримизм, маводи мухаддир, вазъи минтақа ва ҷаҳон изҳори назар карда шуд.