Таркиши маргбор дар нуқтаи нигоҳдории сӯзишвории “Газпромнефт Тоҷикистон”
Дар пайи таркиши як нуқтаи нигаҳдории маводи сӯхт дар ноҳияи Рӯдакӣ чор нафар ба ҳалокат расидааст.
Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, таркиш соати 18:00-и рӯзи гузашта (13 октябр), дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ дар ҷойи нигоҳдории сӯзишвории ҶДММ “Бафоев Ғайбулло” рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар рустои Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, аз ҷониби “Газпромнефти Тоҷикистон” ба иҷора гирифта шудааст. Таркиш дар пайи корҳои кафшергарӣ ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷа чор нафар кормандони корхонаи мазкур ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ гардиданд”.
Ба иттилои ВУД, тафтишоти пешакии ҳодиса идома дорад.
Акс аз бойгонӣ