Э.Раҳмон ба фиристодаи махсуси СММ: Кӯмакҳои моддӣ ба Афғонистон бояд афзун шаванд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13 октябр дар мулоқот бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсом дар Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳори боварӣ кардааст, ки “бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Николас Ҳейсом бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ баҳои баланд дода, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор барои талошҳои созанда аз номи роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос намуд: “Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт”.