7 соли зиндон ба Миҳтоҷов барои ҷалби "арӯсаш" ба Сурия
Додгоҳи ҳавзавии Қафқози шимолии Русия барои қасди ҷалби як ҷавондухтари шаҳри Ставропол ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", шаҳрванди Тоҷикистон Хуршедҷон Миҳтоҷовро ба 7 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Тибқи иттилоияи додгоҳ, ки рӯзи 13 октябр нашр шудааст, Хуршедҷон Миҳтоҷов дар Маскав иқомат дошта, тариқи интернет бо ҷавондухтари ставрополӣ шинос шудааст ва баъдан бо ҳам суҳбатҳои телефонӣ доштанд: “Миҳтоҷов хостори издивоҷи исломӣ бо ин духтар шуда, ваъда додааст, ки баъди никоҳ тариқи Туркия ба Сурия хоҳанд рафт. Духтар вонамуд кардааст, ки розист ва аз қазия мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ кардааст”.
Ба иттилои манбаъ Миҳтоҷов моҳи сентябри соли 2014 барои мулоқот бо "арӯсаш" аз Маскав ба Ставропол омадааст ва дар ин шаҳр аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) боздошт шудааст.