Ҳукумат муҳлати таҷдиду хусусигардонии “Тоҷиктелеком”-ро тамдид кард
Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати анҷоми таҷдиди сохтори “Тоҷиктелеком” ширкати тобеи Хадамоти алоқаи кишварро то соли 2020 тамдид кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор муҳлати анҷоми татбиқи нақшаи таҷдиди сохтори “Тоҷиктелеком”-ро, ки соли 2015 муайян шуда буд, то соли 2020 тамдид кард.
Дар доираи таҷдиди сохтор такмили идора, низоми молӣ ва таҷҳизонидани ширкат дар назар буда, қаблан арзиши татбиқи ин нақша 27 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда буд. Дар доираи таҷдиди сохтор ва стратегияи ҳукумат инчунин хусусигардонии “Тоҷиктелеком” низ дар назар гирифта шудааст.
Таъхири таҷдиди сохтори “Тоҷиктелеком” дар ҳолест, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон муҳлати пардохти қарзҳои ин ширкатро дар назди буҷа барои се сол тамдид кард. Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳаҷми қарзи “Тоҷиктелеком” аз андоз то 1 январи соли равон 12 миллиону 123 ҳазору 504 сомониро ташкил додааст.