Ҳофизаи таърихиро маҳв накунед!
Соҳибёри ТОЛИБ
Дар хабар хондем, ки дар асоси тарҳи бузурги шаҳрсозии Душанбе се бинои идоракунандаи давлат - Дастгоҳи раёсати ҷумҳур, парлумон, шаҳрдории Душанбе, овоздортарин чойхонаи замони шуравӣ ва имрӯз -- “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Точикистон - Лоҳутиву Маяковский хароб мегарданд...
Аслитарин дурдонаҳои таърихи Душанбе, ки сад сол ҳам умр надида, ин қадар ҳаводиси таърихи давлатдории навини тоҷиконро дар худ ғунҷонидаанд, оё чунин осон ба хок яксон мешаванд? Магар ин кори осемасарона нест? Бо вазъи равонии баъзе аз идеологҳои кишварамон хеле ошноем, ҳавасе ба фарҳанги Туркманистон доранду мафтуни ҳусни меъмории шаҳри Ишқобод ҳастанд. Эҳсоси баде нест, агар бе булҳавасӣ мебуд. Дар қиёс ба мо давлатдории худкомаи туркман сиёсати иҷтимоӣ дорад, он ҷо симои шӯравии шаҳр пӯшида, аммо арзишҳои хубе аз сотсиализм побарҷост. Дар кишвари мо ҳардуро нобуд намуданианд; пас аз сотсиализм меросашро. Гӯиё дирӯз чизе набуд, хамааш имрӯз сохта шуд. Мисле, ки идеологҳои коммунист нисбат ба гузаштаи миллати тоҷик хамин тавр рафтор карда буданд. Аммо хотираҳо идорашаванда нестанд. Ёддоштҳои мардум аз рӯзгори хубу бади шаҳр чаро ташвишовар бошад? Майдонҳои Душанбе рақсгоҳ ва размгоҳ буданд. Чун тарсе аз хотироти мардум доранд, он хатаре надорад, агар зиндагии инсонворонаеро таъмин намоянд.
Барои бунёди биноҳои боҳашаматтари маъмурӣ, бигзор бо нақбҳои бехатараш магар ҷойи мувофиқе нест? Хеле қасрҳои муҳташам сохта шуд ва оё идома ҳам қасрсозист? Бале, шаҳр бо шукуҳу шаҳоматаш зебост, аммо аз тирезаи шарқии қасри Миллат, ки меҳмонпазир аст, маҳаллаи куҳдомани Заҳматобод бо хоначаҳои рӯйи ҳам афтода ва тангкӯчаҳои асримиёнагиаш оё наменамояд? Аз лоиҳаи бунёди шаҳр дар домани куҳ чи хабар?
Дуруст аст, дар Душанбе имрӯз биноҳо, боғҳо ва роҳҳои зебое сохтанд. Бояд дид, дӯст дошт ва эътироф намуд. Вале деворе, ки ба мансабдорони имрӯз писанд наомадааст, бояд тахриб шавад? Ин тарҳро метавон ғояи душманони ниқобдори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донист. Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсатмадорӣ корнамоиҳои таърихие барои миллат кардааст. Аммо душманони аслиаш ниқобдоранд, услуби душманиашон чунин аст. Акнун мебинем, миллионҳо сомониро, ки бояд ба бунёди корхонаҳо харҷ бишаванд, ба харобкорӣ ва сохтмони қасру ҳуҷраҳои барҳавотар барои мансабдорон сарф менамоянд. Хабар дар оғози фасле овоза шуд, ки мушкилафзояндаи фаслҳост. Ин аст, тариқаи навини асабӣ намудани тоҷикистониён. Пас кӣ мардумро ба зидди давлатдорон иғво меангезад?