Куштори 16 қочоқчӣ ва дастури Раҳмоналӣ ба марзбонҳои тоҷик
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо назардошти вазъ дар навоҳии наздисарҳадии Афғонистон ба фармондеҳони тобеаш дастур додаст, ки бо ҳамтоёни афғонашон пайваста дар иртибот бошанд.
Фармондеҳи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 12 октябр дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи ниҳодаш таъкид кардааст, ки вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз сардорони раёсатҳо, командирони ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадии кишвар тақозо менамояд, ки ҳамкориро бо сарҳадбонони давлатҳои ҳамсарҳад вусъат бахшанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид шуд, ки марзбонҳои тоҷик тайи 9 моҳ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ 65 амалиёт гузарондаанд: “Бо қочоқчиёни маводи мухаддир 19 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, дар онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистон ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд”.
Ба иттилои манбаъ дар 9 моҳ 165 вайронкунандаи сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин шаҳрвандони Афғонистон 31 нафар, Қирғизистон 6 нафар, Тоҷикистон 109 нафар, Узбакистон 9 нафар, Чин- 2 нафар ва 8 нафари дигар шаҳрвандони Русия мебошанд: “Аз қочоқчиён ба миқдори 1070 килою 092 грам маводи мухаддир, аз ҷумла 52 килою 881 грамм героин, 279 килою 444 грамм афюн, 737 килою 767 грамм бангдона ва 20 яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 32 тирдон, зиёда аз 460 дона тирҳои қутрашон гуногун, 17 норинҷаки дастии Ф-1 ва РГД-5, 62 РПГ-7, 31 норинҷаки ВОГ-25 дарёфт ва мусодира шудааст”.