Боздошти се корманди мақомот бо иттиҳоми гирифтани пора
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ аз боздошти ду корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва як корманди Вазорати умури дохилӣ бо иттиҳоми гирифтани ришва хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Илҳом Қодиров, нозири шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Ҳатлон як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо иттиҳоми хариду фӯруши маводи мухаддир боздошт намуда, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидан аз ӯ 2000 сомонӣ талаб кардааст. Манбаъ мегӯяд, Қодиров ҳамкори худ -- Ҷамшед Ашуровро барои гирифтани маблағ назди шаҳрванд “А” равон мекунад: “Сипас Ашуров бо шаҳрванд “А” вохӯрда, ҳангоми гирифтани маблағи 1000 сомонӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз дохили автомашинаи шахсии ӯ -- тамғаи “Деу Некси” рақами қайди давлатиаш 1054АА 03 TJ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”.
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мегӯяд, инчунин Баҳодур Маҷидов, ваколатдори оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро дастгир кардааст, ки бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани як шаҳрванд аз ӯ 1500 доллар талаб карда, “аз ин 300 долларашро гирифтааст”.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Ҷурабек Тиллоев шахси боваринок, яъне миёнарави Маҷидов баъди гирифтани маблағи боқимонда аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса боздошт шудааст.
Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мегӯяд, нисбати ду корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент, корманди ВКД ва нафари боваринокаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.