Дархости хориҷшавии “Тетис” аз “Бохтар” барои надодани “доля”
Ширкати “Тетис петролиум”, ки ҳаҷми захираҳои нафту гази Тоҷикистонро баробари кишварҳои араб пешгӯӣ карда буд, бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки аз ин ширкат ба далели пардохт накардани “ҳиссааш” хостаанд, ҳавзаи "Бохтар"-ро тарк кунад.
Тибқи иттилоияи “Тетис петролиум” 11 октябр ин ширкат дархост гирифтааст, ки аз лоиҳа барои иктишофу истихроҷи нафту газ дар ҳавзаи “Бохтар” хориҷ шавад. Дар ҳавзаи “Бохтар” ширкати “Тетис петролиум”, якҷо бо ширкати фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” (СNPC) ба иктишофи нафту газ машғуланд. Далели дархост барои хориҷшавии Тетис Петролиум аз ҳавзаи “Бохтар” дар он арзёбӣ шудааст, ки то 9 октябр 1,28 миллион долларро, ки бояд моҳи сентябр ба лоиҳаи муштарак равона мекард, напардохтааст: “Инчунин 0,78 миллион долларро барои моҳи октябр низ пардохт накардааст”.
Дар дархост таъкид шудааст, ки саҳми худро Тетис петролиум дар ҳавзаи “Бохтар” баробар ба “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” фурӯшад.
Феълан Тетис Петролиум, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” дар ҳавзаи “Бохтар” саҳми баробар-33,335 дарсадиро доро мебошанд.
“Тетис петролиум” дар вокуниш ба ин дархост таъкид намудааст, ки талош мекунад то манфиатҳояшро дар ҳавзаи “Бохтар” ҳимоят кунад.
Қаблан Девид Робсон, президенти “Тетис Петролиум” дар пайи омӯзиш дар майдони “Бохтар” дар ҳавзаи Амӯдарё, ҳаҷми захираҳои нафту газро дар ин макон 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт эълон кард, ки баробари захираҳои кишварҳои бой мебошад.
Моҳи июни соли 2013 ҳукумати Тоҷикистон бо ширкатҳои Total SA ва China National Petroleum Corporation (CNPC) оиди шомил гардидани ин корхонаҳо ба Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот қарордод ба имзо расонд. Ҳамин тавр, ба қарордоде, ки соли 2008 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Tethys Petroleum Limited ба имзо расида буд, акнун боз ду ширкат ворид шуданд, ки ахири соли 2012 ҳиссае аз саҳмияҳо дар «Kulob Petroleum», ширкати фаръии “Tethys Petroleum”-ро хариданд.