Боздошти ҷавони 18-сола барои кордзанӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 18-сола иттилоъ дод, ки дар маҷруҳсозии ҷавони дигар бо корд муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВУД марди 49 сола, сокини шаҳри Душанбе ба ШКД-2 дар ноҳияи Сино муроҷиат карда, арз намудаст, ки 11 октябри соли ҷорӣ, тахминан соати 12:45 дақиқа, дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе шахси номаълум писари 22-солаашро бе ягон асос латту кӯб намуда, бо корд ба бозӯи чапаш зарба задааст: “Дар натиҷа писараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми даст задан дар ин ҷиноят ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш ҳам барои авбошӣ суд шудааст, дастгир гардид: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.