Нуриддин Давронов: Дидани Роналду орзуи ман аст
Нурддин Давронов, бозигари тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе гуфтааст, дар ин тимҳо худро дар як хонаводаи бузург эҳсос мекунад.
Ӯ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо торнамои расмии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) гуфта, ин эҳсос пас аз ба даст овардани Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2012 шурӯъ шуд. Ба иттилои ин футболбози тоҷик, ҳамтимҳояш талош мекунанд тим дар дохили тим бошанд: “Ин ба муносибати мо бо тимҳои дигар ҳеч таъсире надорад. Ҳамаи мо як ҳадаф дорем; хидмат ба тими миллии Тоҷикистон”.
Нуриддин Давронов гуфта орзу дорад, рӯзе дар Ҷоми ҷаҳон бозӣ кунад. Дидор бо Криштиану Роналдуро яке дигар аз орзуҳояш гуфтааст: “Бархе аз мардум худи маро ҳам “Роналдуи тоҷик” мегӯянд, ки аз ин чиз хушам меояд. Замони кӯдакиам талош мекардам, Роналдуро “копӣ” кунам. Вақте, ки Роналду дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард, пироҳане бо номи ӯ доштам. Ҳамаи бозиҳои ӯро медидам. Хабар ёфтам, ки чанде пеш барои бозӣ дар як филм ҷалб шудааст, ки қарор аст моҳи ноябр пахш шавад. Бесаброна мунтазири дидани он ҳастам”.