Ҷазои футболбози тоҷик барои латту кӯби довар
Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шуҳрат Раҳмонов, футболбози дастаи лигаи аввал-“Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро барои як сол аз бозиҳо барканор ва дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Тибқи иттилои ФФТ Шуҳрат Раҳмонов рӯзи 3 октябр дар сабқат бо дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд довари бозиро латукӯб кардааст.
Инчунин бо қарори ФФТ майдони варзишии Ҳулбук низ барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти доварон аз ҳаққи мизбонии як бозӣ маҳрум шудааст.