Пешниҳоди суратҳисоб барои кӯмак ба маъюби навхонадор
Амирҳамза Қосимзода, як сокини маъюби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, барои харидани аробачаи навъи худрав кӯмакаш кунанд, ба “Озодагон” суратҳисоби бонкияшро пешниҳод кард.
Амирҳамзаи 24-сола дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, баъди нашри муроҷиатномаи қаблӣ бархе аз шаҳрвандон бо ӯ дар тамос шуда, изҳор доштаанд, ки омодаи кӯмаканд ва барои ин ӯ бояд суратҳисоби бонкӣ кушояд. Амирҳамза, ки навхонадор аст, мехоҳад соҳиби як аробачаи маъюбии навъи худрав шавад: “Аз синфи 7 ба ин беморӣ гирифтор шудаам. Ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақи маъюбӣ мегирам, ки ин хеле кам аст. Аз мардум мехоҳам, барои хариди як аробачае, ки бо қувваи худ ҳаракат мекунад, ба ман кумак намоянд”.
Қосимзода изҳор дошт, нафароне, ки мехоҳанд кӯмак намоянд метавонанд тариқи рақамҳои 902 40 00 70 бо ӯ дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд.