ВИДЕОИ озмоиш дар Душанбе: Агар дар роҳ ҳамёни пул ёбӣ...
Студияи “А+Pro” дар хиёбони марказии Душанбе озмоиши видеоӣ гузарондааст, ки агар роҳгузаре ҳамёни пулро ғалтонад, вокуниши дигарон чӣ гуна хоҳад буд? Дар ин озмоиши видеоӣ аз миёни даҳҳо роҳгузар танҳо дар як ҳолат гуруҳи ҷавонон ҳамёнро бардошта, ба ҷои баргардондан ба соҳиб роҳашонро идома доданд. Аксари корбарони шабакаи интернет навори ин озмоишро хуш қабул карда, хостори афзоиши чунин санҷишу озмоишҳо шудаанд.