Дастури вазир барои ташкили нуқтаҳои қабули шикоятҳо аз "облава"
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ба комиссариатҳои ҳарбӣ дастур додааст, нуқтаҳои қабули муроҷиат ва арзу шикояти ҷавонони ба артиш даъватшавандаро ташкил диҳанд.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод имрӯз, 12 октябр ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар пайи дастури вазир аллакай дар комиссариятҳои ҳарбӣ нуқтаҳои қабули арзу шикоятҳо созмон ёфтааст: “Ба дилхоҳ масъалае, ки ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дахл дорад, метавонанд муроҷиат кунанд”.
Ташкили нуқтаҳои қабули арзу шикоят дар ҳолест, ки ахиран аз ҳолатҳои “облава”-и ҷавонон хабарҳо расиданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14 сентябр бо судури фармоне доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ гуфт, “имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд”.