Душанбе: Ифшои қатли зани рус, ки ҷасадаш аз партовгоҳ ёфт шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти додситонӣ қатли як зани 39-соларо дар Душанбе ошкор кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 11 октябр дар пайи амалиёти муштарак як марди 34-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дастгир гардид, ки дар куштор муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ВУД муайян шудааст, ки дастгиршуда, рӯзи 30 сентябр, тахминан соати 19.00-дақиқа, дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе дар ҳолати сархушӣ бо зани 39-сола, сокини пойтахт, миллаташ рус, муноқиша намуда, баъди латту кӯб ӯро ба қатл расонидааст: “Сипас, ҷасади занро ба борхалтаи селофанӣ андохта, бо сими алюминӣ баста, ба дохили партовгоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид мекунанд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.