ФМС: Теъдоди тоҷикон дар Русия кам шудааст
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС) мегӯяд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар 966 ҳазору 789 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба ҳолати 4 октябри соли равон дар қаламрави Русия 966 ҳазору 789 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз ин 807 ҳазору 964 мард ва 158 ҳазору 825 зан мебошанд.
Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар ин кишвар майли коҳиш ва шумораи шаҳрвандони Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон майли афзоиш дорад.
Манбаъ мегӯяд, феълан дар Русия 520 ҳазору 328 шаҳрванди Қирғизистон, 2 миллиону 29 ҳазору 945 шаҳрванди Узбакистон, 702 ҳазору 938 шаҳрванди Қазоқистон ва 24 ҳазору 229 шаҳрванди Туркманистон қарор доранд.