АКС: Натиҷагирӣ аз озмуни “Ман оилаамро дӯст медорам”
Дирӯз, 11 октябр дар бинои театри “Падида”-и Душанбе аз озмуни “Ман оилаамро дӯст медорам” натиҷагирӣ шуд.
Сарвар Бахтӣ, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, озмун ба ҷашни 70-солагии ЮНЕСКО ва эълони соли оила дар Тоҷикистон бахшида шуд ва дар он 290 расми кӯдакон аз шаҳрҳои Душанбе, Шаҳринав, Хоруғ ва Хуҷанд фиристода шуд.
Ӯ гуфт, аз шаҳри Актобеи Қазоқистон низ унвонии озмун 10 расм расид: “23 расми беҳтарин аз шаҳри Душанбеву Ваҳдат ва 11 расм аз шаҳри Хоруғу Шаҳринав интихоб шуданд”.
Хабарнигори “Озодагон” чанд аксе аз намоиши аксҳо бардошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.