Донишҷӯи латукӯбшуда: Нафаре, ки маро зад корманди комиссариат набудааст
Як донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки қаблан аз латукӯбаш ҳангоми “облава” шикоят кард, мегӯяд, нафаре, ки ӯро латукӯб намудааст, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино набудааст.
Ин донишҷӯ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пайи таҳқиқ муайян шудааст, нафаре, ки ӯро латукӯб намудааст, корманди ниҳоди дигари қудратӣ будааст.
Қаблан ду донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти дохилӣ онҳоро аз манзили зисташон дар маҳаллаи “Профсоюз” гирифта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурданд:“Моро танҳо баъди пешниҳоди маълумотнома дар бораи донишҷӯӣ аз комиссариат озод карданд”.