Боздошти ду қирғиз барои қасди интиқоли занону кӯдакони тоҷик ба Сурия
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди Қирғизистон иттилоъ дод, ки қасд доштаанд, занону кӯдакони тоҷикро ба Сурия фиристанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 25-уми сентябри соли 2015 дар ҳудуди деҳаи Даҳанаи ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара шаҳрвандони Қирғизистон- Курмишев Жаҳонгир Қувватович соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи вилояти Бодканд, деҳаи Чунтала ва Ниманов Канибек Қамчинбекович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи вилояти Бодканд, деҳаи Китак боздошт гардиданд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, боздоштшудагон соати 23:30-дақиқа марзи Тоҷикистонро убур карда, ба деҳаи Даҳанаи Исфара ба пешвози 4 зану 4 кӯдаки тоҷикистонӣ омадаанд: “Шаҳрвандони Қирғизистон ба пешвози сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон - Шербекова Дилафрӯз Тошпулотовна соли таваллудаш 1991, фарзандаш Шербекова Муслима Панҷиевна соли таваллудаш 2015, Шербекова Адолат Тағойқуловна, соли таваллудаш 1964, Шербекова Олмахон Сафаралиевна соли таваллудаш 1988, фарзандонаш Шербеков Абдуллои 4 солаю Хадичаи яксола ва инчунин сокини ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара Муминова Қумрӣ Аюбҷоновна соли таваллудаш 1995 бо ҳамроҳии фарзандаш Муминов Ҳадятулло Азимович соли таваллудаш 2013 омадаанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо қасд доштанд, “занону кӯдакони тоҷикистониро ба шаҳри Бишкек бурда, баъди омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи шаҳри Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд”.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид мекунанд, ки феълан алайҳи шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон ба иттиҳоми қасди ҷиноят ва ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.