Дар талоши ҷони Ҷонибек: Модари танҳо аз ронанда Наврӯзова ҷуброн мехоҳад (АКС)
Элзара Абдураҳмонова, модари танҳо, ки ягона писари 7 солааш 5 моҳ пеш зери чархи мошини Таманно Наврӯзова мондааст, ба додгоҳ алайҳи ронанда шикоят бурдааст.
Абдураҳмонова мегӯяд, хонаро фурӯхта, тамоми дороияшро сарфи табобати писараш кардааст. Ӯ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат карда, хостааст аз Таманно Наврӯзова, ҳамшираи шафқати таваллудхонаи ноҳияи Мастчоҳ 114 ҳазор ҷуброни зарари модию маънавӣ рӯёнда шавад. Ӯ мегӯяд, фоҷеа бо писарчаи 7 солааш моҳи майи соли равон рух дода буд ва то ҳол гунаҳкори ин қазия боре ба аёдати ҷабрдида наомадааст: “Санаи 13-ум майи соли ҷорӣ дар кӯчаи Мачинскии ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми аз мактаб ба хона баргаштани фарзандам-Ҷонибек Абдураҳмонов, ронанда Таманно Наврӯзова, сокини 29 солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар Мастчоҳ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад, бо суръати баланд автомашинаи худро ронда, Ҷонибекро зер кардааст. Дар натиҷа Ҷонибек бо осеби мағзи сар, шикасти миён, ҷароҳати вазнини ҳароммағз дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ бистарӣ гардид. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки шушҳои ин тифлак осеби ҷиддӣ бардошта, бо воситаи дастгоҳи махсус то ҳол нафас мекашад. Тӯли 5 моҳе, ки фарзандам бемор буд, ҳатто як маротиба Таманно ба мо ягон кӯмак накарда, ҳатто боре ба дидорбинӣ ҳам наомадааст. Ташхис карданд, ки имкони зер кардани “тормоз” будааст, аммо ронанда беэҳтиётӣ кардааст”.
Абдураҳмонова мегӯяд, барои табобати фарзандаш бо маблағи 117 ҳазор сомонӣ хонаашро, ки дар ноҳияи Мастчоҳ буд, фурӯхтааст: “Баъд фарзандамро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд овардам, чун дар Мастчоҳ беҳбудӣ наёфт”.
Ин модари танҳо мегӯяд, баъди фурӯши хонааш дар ҳавлии беморхона зиндагӣ кардааст ва ахиран, ки ҳаво хунук шуд, ӯро дар яке аз утоқҳои беморхона ҷойи хоб доданд: “Дигар ҷои рафтан надорам. Падару модарам кайҳо аз олам гузаштанд, аз шавҳарам бошад дар сесолагии писарам ҷудо шуда будам”.
Ба гуфтаи модари Ҷонибек, Таманно худро гунаҳкор наҳисобида, то ҳол дар озодӣ мебошад.
Мусоҳиби мо гуфт, суди ноҳияи Мастчоҳ Таманно Наврӯзоваро ба муддати 3 сол озодӣ ва ду сол аз ҳаққи идораи мошин маҳрум кардааст, вале ба далели фарзанди хурдсол доштани маҳкумшуда иҷрои ҳукмро се сол ба таъхир андохтааст: “Таманно худ соҳиби 4 фарзанд буда, Суди ноҳияи Мастчоҳ ба хотири он, ки фарзанди хурдиаш 5 сол дорад, қарор кардааст, то 8 солагии фарзанд Таманно дар озодӣ бимонад.
Дар ҳамин ҳол Баҳринисо Абдураҳмонова, раҳбари ташкилоти ҷамъитяии “Диёр” низ ниёзди шадиди ин модари танҳоро ба кӯмак тасдиқ карда, афзуд, “мо ба Элзара кумаки худро расонидем ва табибон низ кумаки худро ба пуррагӣ расонда истодаанд”.
Мусоҳибони “Озодагон” изҳор доштанд, ки даъвои модари Ҷонибек барои рӯёндани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд равона шудааст.