Анҷоми сохтмони роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакентро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
Ба иттилои манбаи “Озодагон” қарор аст, ин сафар 24 октябри соли равон анҷом шавад. Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”, ки ахиран аз Панҷакент баргашт, мегӯяд, масири мошингарди Айнӣ-Панҷакент пурра ба итмом расида, ҳоло сохмончиён ба аломатгузории роҳ машғуланд.
Укуматшоҳ Ақсақолов, сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сохмони роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент ноябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи сентябри соли равон ба итмом расид: “Имрӯз, 8 октябр роҳи мазкур аз ҷониби гуруҳи кории Вазорати нақлиёт қабул гардид”.
Ба иттилои ӯ, роҳи мазкур 112,6 километр тӯл дошта, барои сохтмони он 115,3 миллион доллар масраф шудааст, ки 100 миллиони он гранти Бонки Осиёгии Рушд, 14 миллион қарзи Фонди ОПЕК ва 1,3 миллионаш саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад: “Машваратчии асосии лоиҳа ширкати “Кокс”-и Олмон ва паймонкораш ширкати “Синдзян Бейсин ЛТД”-и Чин мебошад”.