Ғорати намояндагии ширкати “Вавилон” дар Панҷ
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 26-солаи маркази ноҳияи Панҷ иттилоъ доданд, ки дар ғорати намояндагии “Вавилон-мобайл” муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ВУД муайян карда шуд, ки муттаҳам шаби 6 ба 7 октябр бо роҳи пинҳонӣ аз дохили намояндагии ширкати “Вавилон-мобайл”, воқеъ дар шаҳраки Панҷ 8 телефони мобилии гуногунтамға, 2 модем, 9 дастгоҳи садоӣ ва 7-адад таҷҳизоти барқдиҳандаро дуздида ғайб задааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.