Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои даъват алайҳи “ғайримусалмонҳо”
Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми нашри маводи экстремистӣ боздошт шудааст.
Расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои додситонии вилояти Архангелск гуфтаанд, Шаҳбоз Азимов дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи афроди "ғайримусалмон" маводи пастзананда нашр кардааст. Ба хабари манбаъ, ӯ “ошкоро ба анҷоми амалҳои хушунатомез ва амалиётҳои террористӣ алайҳи “ғайримусалмон”-ҳо даъват кардааст”.
Прокуратура гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон ин амалҳоро ҳангоми дар Архангелск ва Қазон будан анҷом додааст. Бино ба иттилои манбаъ, тафтишоти ин ҷиноятро Шӯъбаи минтақаии ФСБ-и вилояти Архангелск анҷом дода, парвандаро барои баррасӣ ба Додгоҳи низомии минтақаии Маскав ирсол кардааст.