Дуюмин консерти академии Меҳрнигори Рустам дар Душанбе (ВИДЕО)
Меҳринигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик дуюмин консерти академиии худро баргузор мекунад.
Ин консерт соати 17:00-и рӯзи 14 октябр дар толори бузурги Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов шурӯъ мегардад. Бурҳон Маҳмадқулов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳам меҳмони фахрии консерти Меҳринигор хоҳад буд.
Консерти нахустини академии ӯ, 14 октябри соли 2013 ҳамчунин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир шуд ва сурудҳои академие монанди “Таронаи баҳор”, “Ишқи ман”, “Интизорӣ”, “Ёри ҷон”-ро иҷро карда буд. Меҳринигор таҳсилдидаи бахши сурудҳои академии консерваторияи мазкур мебошад.
Меҳринигори Рустам миёни ҳаводорони санъати мусиқӣ бо таронаҳои поп маъруф аст. "Бемор машав, модар", "Шаб", "Фаромуш", "Мебарӣ" ва "Ситора" аз маҳбубтарин сурудҳои ӯянд. Ба ҷуз тоҷикӣ вай бо забонҳои англисӣ, русӣ, туркӣ ва озарӣ ҳам тарона мехонад.