Додгоҳи олии Русия ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро бетағйир гузошт
Додгоҳи олии Русия чоршанбеи 8 октябр шикояти апеллятсионии чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки моҳи апрели соли равон аз 8 то 10 солӣ равонаи зиндон шуданд, рад кардааст.
Додгоҳи вилоятии Нижегород моҳи апрели соли равон бародарон Қодирҷону Комилҷон Қосимовҳо, Муродҷон Усмонов ва Илҳомҷон Эрматовро дар созмони ячейкаи “Ҳизбу таҳрир” ва омодагӣ ба анҷоми амалҳои терористӣ муҷрим шинохта, онҳоро равонаи низомаш пурзӯр карда буд. Ба иттилои тафтишот, онҳо моҳи ноябри соли 2012 нақшаи анҷоми амалиёти терористӣ дар се маркази савдоро кашидаанд.
Дар шикояти апеллятсионӣ маҳкумшудаҳо ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ ва беасос хонда, гуфтаанд, он дар асоси туҳмати шоҳиде, ки аз онҳо қарздор буд, бароварда шудааст. Дар ин шикоят ба нақзи зиёди меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва фишор болояшон барои иқрор кардан ба ҷиноят ишора шудаастю Аммо Додгоҳи олӣ шикоятро рад намуда, ҳукмро бетағйир гузошт. Бо ин ҳол, акнун Эрматов ҳашт сол, Комилҷон Қосимов 9, Усмонов – 9 солу шаш моҳ ва Қодирҷон Қосимов 10 соли умри худро дар зиндони низомаш пурзӯр пушти сар мекунанд.