АКС: Эмомалӣ Раҳмон хоккейбозии Путинро дар Сочи тамошо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 7 октябр дар шаҳри Сочии Русия ҳамроҳ бо ҳамтои русаш -- Владимир Путин ба тамошои бозии хоккей рафтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путинро собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҳамроҳӣ намудаанд. Манбаъ аз қавли Владимир Путин иттилоъ додааст, ин бозӣ ба мавсими панҷуми бозиҳои Лигаи шабонаи хоккей дар Русия оғоз бахшидааст.
Зимнан, президенти Русия ҳам ба майдон баромада, дар ҳайати дастаи “Ситораҳои НХЛ” (Лигаи миллии хоккей) бо дастаи мунтахаби НХЛ қувваозмоӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 15-10 ба фоидаи дастаи “Ситораҳои НХЛ” ба поён расид.
Ин ин бозӣ дар рӯзи мавлуди Владимир Путин дар қасри бузурги хоккейи Сочи баргузор шуд.