Орзу ва воқеият
Азизи НАҚИБЗОД
14 октябр дар Душанбе “Анҷумани байналмилалии соҳибкорон, Душанбе-2015” баргузор мешавад. Дар ин анҷуман соҳибкорони тоҷики муқими Русия низ даъват шудаанд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинӣ ҷалби сармояи сармоядорон аз ҷумла тоҷикон ба иқтисоди кишвар аст. Муҳаммади Эгамзод корманди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки ҷалби сармояи Тоҷикони сармоядори Русия бори аввал аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.
Ин анҷуман дар ҳоле баргузор мешавад, ки бахши ҷалби сармоя дар Тоҷикистон мисли дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон пешравии қобили таваҷҷуҳ надорад. Гуфта мешавад, ки солҳои охир баракс бархе аз соҳибкорон бинобар сабаби мувофиқ набудани фазои тиҷорат дар кишвар сармояҳои худро ба берун мекашанд. Сабаби ҷалб нашудани сармоя ва берун рафтани сармояро коршиносон ба баландии андоз ва мустақил набудани низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин сатҳи бениҳоят баланди коррупсия рабт медиҳанд.
Сармоядор пеш аз онки тасмим гирад, то пулашро дар кадом кишвар ба гардиш гузорад, фазои тиҷорат ва вазъи додгоҳҳояшро таҳлил менамояд. Сармоядор агар мутмаин набошад, ки дар ҳолати ба миён омадани баҳсе додгоҳ ва давлат аз моликияти ӯ пуштибонӣ менамоянд, ҳич гоҳ пулашро ба он кишвар намеорад. Аз ин ва таҷрибаи чандсолаи Тоҷикистон бармеояд, ки бо гузаронидани ҳаргуна чорабинӣ намешавад сармоя ҷалб кард, балки барои овардани сармоя бояд фазои муносиб ба вуҷуд овард.
Баҳсҳои додгоҳие, ки имсол миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои бузурги андозсупоранда ба миён омад аз тарафи додгоҳ ба манфиати Кумитаи андоз ҳал гардид. Ин дар назари аввал ба фоидаи буҷа ва давлат менамояд, вале агар жарфтар таҳлил намоед дар дарозмуддат бар зарари давлат тамом мешавад. Яъне, сармоядоронро ба шубҳа мебарад ва ин шубҳа намегузорад, ки сармоя ба кишвар ворид гардад.
Гузашта аз ин соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз санҷишҳои паёпайи мақомоти гуногуни давлатӣ шикоят мекунанд, ки вақти зиёдашонро мегирад ва онҳо ба ҷои онки дар хусуси пешрафти тиҷораташон фикр ё амал кунанд, фурсатро бо ҳисоботдиҳӣ ба мақомот сарф менамоянд. Бюрократия ва қоғазбозии аз ҳад бешро низ соҳибкорони тоҷик сабаби ба кундӣ пеш рафтани тиҷорат меҳисобанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки бо гузашти даҳсолаҳо мо ҳануз натавонистаем, ки фазои мувофиқе барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба миён орем.
Овозаҳое мисли он ки бархе гурӯҳҳои “пуштдор” тиҷоратҳои бепаноҳонро кашида мегиранд, низ руз ба рӯз дар Тоҷикистон бештар мегардад. Ин овозаҳо ҳам барои ҷалб нагардидани сармоя нақши калоне бозӣ мекунанд. Агар ин овозаҳо асос надоранд пас заминаи пайдоишашон аз куҷост? Агар асос доранд, ба умеди ҷалби сармоя буданамон танҳо худфиребӣ метавонад бошад.